ҲНИТ аз рӯйдодҳои ахири шарқи кишвар нигарон аст

Хабари хуб 23.07.2009 15:03

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо интишори баёнияе рӯйдодҳои ахир дар минтақаро нигаронкунанда ва дорои асароти манфӣ бар мазҳаби ислом ва пайравонашон хондааст.

Дар ин баёнияи омадааст: «Қабл аз ин ҳам минтақа майдони рақобатҳои геополитикии абарқудратҳо ва шабакаҳои фаромиллӣ гашта буд, ки суботу оромиши он бо барнома ва ҳадафҳои бархе аз онҳо созгор нест. Бинобар ин, онҳо бо ҳар восита талош менамоянд, то сулҳу оромиши минтақаро дар умум ва кишварҳои алоҳидаро бахусус аз байн баранд.»

Ва инчунин дар байния гуфта шудааст, ки «минтақа дучори равандҳое шудааст, ки метавонад ба самт ва суръати рушди кишварҳо таъсир кунад.»

Баёнияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳоле мунташир мешавад, ки тайи рӯзҳои ахир аз даргириҳое дар шарқи кишвар гузориш шудааст. Ба гуфтаи ВВС, мақомоти кишвар фаъолияти афроди мусаллаҳеро, ки бо нируҳои давлатӣ дар ин ҳаводис вориди даргирӣ шудаанд, бо Ҷунбиши исломии Узбакистон иртибот медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар изҳороти худ таъкид кардаанд, ки гузоришҳо дар мавриди ҳаводиси ахир дар минтақа ба шаъни дини ислом ва пайравонаш латма ворид мекунад.

Дар баёния омадааст: «Дар чунин шароит дини мубини ислом ва мусалмонон беасос мавриди шубҳа қарор гирифтаанд ва камтарин ташаннуҷи вазъ шубҳаҳоро пеш аз ҳама ба ин дини пок ва пайравонаш равона месозад.»

Баёния таъмини амният, авлавияти қонун ва якпорчагии кишварро аз масъулиятҳои аслии давлат медонад, вале таъкид мекунад, ки «давлат вазифадор аст, ки танҳо бо истифода аз василаҳои қонунӣ масъулиятҳои асосии худро анҷом бидиҳад, ки таъмини амният ва оромиш яке аз онҳо мебошад.»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97