251 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон дар зиндонанд

Хабари хуб 15.12.2018 08:57

Барои саввумин сол паёпай тибқи омори расмӣ 251 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон зиндонӣ шудаанд.

Чин, Миср ва Арабистони Саъудӣ нисбат ба соли гузашта рӯзноманигорони бештареро зиндонӣ кардаанд, Туркия низ дар ҳоли ҳозир бадтарин зиндон барои рӯзноманигорони ҷаҳон ба шумор меояд.

Мавҷи тозаи саркӯб дар Миср, Арабистони Саудӣ ва Чин барои саввумин сол паёпай марзҳои озодии баён дар сатҳи ҷаҳонро ба мухотара (хатар) андохтааст. Тибқи баррасии суратгирифта тавассути Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон, 251 рӯзноманигори зиндонӣ дар гӯшаю канори ҷаҳон вуҷуд дорад.

Туркия, Чин ва Миср дар садри феҳрист

Аз замони сабти омори рӯзноманигорони боздоштшуда тавассути Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон то ба ҳол дар се соли гузашта, болотарин омори зиндонӣ шудани рӯзноманигорон ба сабт расидааст. Туркия, Чин ва Миср масъули беш аз ниме аз омори марбут ба рӯзноманигорони зиндонӣ барои саввумин соли пай дар пай будаанд. Ҳамчунин ба натиҷа расидааст, ки боздошти рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон рафта-рафта ба як раванди табиъӣ табдил мешавад.

70 дар сади ҷамъияти афроде ки дар саросари ҷаҳон зиндонӣ ҳастанд ба анҷоми иқдом алайҳи кишвари худ муттаҳам мешаванд. Аз ҷумла узвият ё ҳимояти гурӯҳҳое, ки аз нигоҳи масъулони кишваршон гурӯҳҳои террористӣ қаламдод мешаванд.

Шумори рӯзноманигорони зиндонишуда ба иттиҳоми хабарҳои иштибоҳ дар сатҳи ҷаҳон ба 28 нафар афзоиш ёфта, дар ҳоле ки ду сол қабл теъдоди ин рӯзноманигорон 9 нафар буд.

Миср бо боздошти 19 зиндонӣ ба ҷурми интишори ахбори нодуруст дар садр қарор гирифтааст. Камерун бо 4 боздоштӣ ва Руанда бо 3 боздоштӣ ва Марокашу Чин ҳар кадом бо як боздоштӣ дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

Ин афзоиш ба дунболи тарвиҷи хитобаҳои ҷаҳонӣ дар бораи “ахбори ҷаълӣ” бо меҳварияти Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико беш аз гузашта ба чашм меояд. Омори баланди зиндониён дар Чин бо 47 зиндони пушти деворҳои зиндон, нишон аз мавҷи ахири озору азияти ақаллияти қавми Уйғур дар минтақаи Синтсзяни Чин дорад.

Дастикам 10 рӯзноманигор дар Чин бидуни иттиҳом боздошт шудаанд. Ҳамаи ин рӯзноманигорон аз минтақаи Синтсзян ҳастанд. Созмони Миллал Пекинро ба хотири назорати густурда ва боздошти наздик ба як миллион нафар бидуни муҳокима дар ин минтақа муттаҳам кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97