Оғози нахустин парвоз дар хатсайри “Остона-Душанбе-Остона”

Хабари хуб 14.12.2018 14:29

13 декбри соли ҷорӣ дар маҳалли меҳмонхонаи “Park Inn Radisson Astana”, нишасти иттилоъотии намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Остона ва ширкати “Sсat”-и Қазоқистон дар мавриди оғози парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои ширкати “Sсat” бо хатсайри “Остона-Душанбе-Остона” баргузор гардид.

 Дар ин нишаст Талгат Ластаев раиси кумитаи авиатсияи граждании Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, корпуси дипломатии муқими шаҳри Остона, ширкатҳои сайёҳӣ ва васоити ахбори оммаи ҳузур пайдо карданд.

Зимни нишаст сафири Тоҷикистон дар Остона, раиси кумитаи авиатсияи граждании Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон, роҳбарияти ширкати  “Sсat” дар робита ба моҳияти фаъолияти хатсайри “Остона-Душанбе-Остона” суханронӣ карда, нақши онро дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, вусъати ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарии миёни ду кишвар, инчунин мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Имрӯз 14 декабри аз фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоеви шаҳри Остона соати 00.10 бо вақти маҳаллӣ парвози нахустини ҳавопаймои ширкати қазоқистонии “Sсat” бо хатсайри “Остона” ва соати 02.20 ба вақти Тоҷикистон бозпас бо самти “Душанбе-Остона” бомуваффақият сурат гирифт.

Минбаъд парвозҳои мунтазами ширкат ҳавопаймоии “Sсat” бо ин хатсайр дар як ҳафта ду маротиба, яъне рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе дар соатҳои зикршуда, роҳандозӣ мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97