Боздошти баҳрнавардони украинӣ боиси тамдиди таҳримҳои Русия аз суи Иттиҳодияи Аврупо шуд

Хабари хуб 14.12.2018 10:32

Ду дарёнаварди нерӯҳои баҳрии Украина, ки дар зиндони Русия ба сар мебаранд ҳозир ба додани гувоҳӣ дар баробари мақомоти ин кишвар нашуданд.

Ин ду баҳрнаварди нерӯи баҳрии Украина эълом карданд, ки худро “асири ҷангӣ” медонанд. Русия моҳи гузашта се қайқи низомии Украинаро бо ҳамроҳи сарнишинони он дар соҳили нимҷазираи Қрим боздошт кард.

Маскав ин се қайқи низомии украиниро ба вуруди ғайриқонунӣ ба обҳои худ муттаҳам кардааст.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо хостори озодии боздоштшудагон шудаанд. Доналд Туск раиси шӯрои Иттиҳодияи Аврупо эълом кардааст, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия ба далели танишҳои ба вуҷуд омада тамдид мешавад. Ин таҳримҳо бино ба тасмимм раҳбарони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба муддати шаш моҳ тамдид шуданд.

Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Амрико низ таъкид кард, ки то замоне, ки баҳрнавардони украинӣ дар Русия боздошт ҳастанд дидоре байни Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин ҳамтои руси вай сурат нахоҳад гирифт.

Русия дар соли 2014 нимҷазираи Қримро ба хоки худ мулҳақ кард. Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ бо адами ба расмият шинохта шудани ин илҳоқ обҳои соҳилӣ ва сарзамини канораҳои ин нимҷазираро бахше аз хоки Украина медонанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97