Тоҷикистон қасд дорад то соли 2030 маҷмуъи маҳсулоти дохилиро 3 баробар афзоиш диҳад

Хабари хуб 14.12.2018 09:54

Тоҷикистон қасд дорад тай 12 соли оянда тавлиди маҷмуъи маҳсулоти дохилии худро 3.1 дар сад афзоиш ва ба 207.7 миллиард сомонӣ (дар ҳоли ҳозир 1 доллар муъодили 9.42 сомонӣ аст) бирасонад.

Чунин мақсад дар стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дарҷ шудааст.

Маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 66.8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар соли оянда ин нишондиҳанда қарор аст то 78.2 миллиард сомонӣ муъодили 8.3 миллиард доллар афзоиш ёбад.

Ба ин тартиб, тибқи стратегияи нав то соли 2030 ҳаҷми тавлиди маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба беш аз 207.7 миллиард сомонӣ хоҳад расид.

Тамаркузи асосӣ дар ин росто бар тазмини шаклҳои иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши тавлиди нерӯи барқ ва маҳсулоти санъатӣ аст.

Дар сурати иҷрои комили стратегияи рушди миллии Тоҷикистон  то 12 соли дигар ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар ин кишвар аз 18 миллиард киловатт соъати феълӣ то 45 миллиард киловатт соаът дар сол афзоиш меёбад.

Таҳиякунандагони ин санад ба ин боваранд, ки дастоварди Тоҷикистон дар заминаи истиқлоли энержӣ ангезае барои тавсеъаи дигар заминаҳо, ба вижа бахши санъатии ин кишвар хоҳад буд.

Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ аввалин агрегати нерӯгоҳи барқ обии “Роғун” роҳандозӣ шуд.

Роҳандозии дуввумин агрегати ин нерӯгоҳ дар соли оянда барномарезӣ шудааст.

Пас аз ба кор даромадани тамоми 6 агрегати Роғун ҳаҷми тавлиди солонаи барқ дар Тоҷикистон аз 18 миллиард киловатт соъат барқи феълӣ ба 31 миллиард киловатт соъат, бидуни дар назар гирифтани зарфиятҳои ҷадиди тавлиди энержӣ, афзоиш меёбад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97