Парлумони Узбекистон тавофуқнома дар мавриди шарики стратегӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард

Хабари хуб 14.12.2018 09:07

Сенати Олий Маҷлис палатаи болоии парлумони Узбакистон тавофуқнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд

Алишер Курманов раиси кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Узбекистон дар масоили муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва сайёҳӣ 13 декабр зимни баррасии тавофуқномаи мазкур дар парлумони кишвараш гуфт, ин санади муҳим барои таҳкими дӯстию ҳамсоядории хуби Тоҷикистону Узбакистон мусоидат карда, муносиботи ду кишварро ба сатҳи нав мебарорад.

Тавофуқномаи стратегии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 17 августи соли ҷорӣ дар Тошканд зимни сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон имзо шуда буд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбакистонро охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба тасвиб расонд.

Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ва Узбекистон дар замони салтанати Ислом Каримов раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон муносиботи сардеро дунбол доштанд. Бо ба сари қудрати расидани Шавкат Мирзиёев муносибати Душанбе ва Тошканд рӯ ба нармӣ овад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97