Толибон пайравӣ аз ваҳҳобият ва салафиятро дар Афғонистон мамнуъ эълом карданд

Хабари хуб 13.12.2018 14:10

Коммисияи низомии минтақаи шимолии Толибон пайрави аз чаҳор тариқаро (равия) дар Афғонистон мамнуъ эълом кард.

Дар эъломияи гурӯҳи Толибон омадаст, ки пайравӣ аз ин тариқаҳо боъиси ихтилоф байни пайравони Имом Абуҳанифа (р.а) мешавад ва амал кардан ба тариқаҳои “ваҳҳобият, салафият, панҷпирият ва паралавият” ба гунае мутлақ мамнуъ аст.

Коммисияи низомии минтақаи шимолии Толибон ба фармондеҳон ва афроди ин гурӯҳ дастур додааст то аз таблиғ ва пайравии тариқаҳои ёдшуда ҷилавгирӣ карда ва амалкунандагон ба онҳоро муҷозот кунанд.

Дар эъломия ҳамчунон омадааст, ки ба пайрвони ваҳҳобият ва салафият ҳеч гуна масъулияте дода нашавад ва агар масъуле аз ин мазоҳиб пайравӣ мекунад, бояд аз кор ронда шавад. Толибон ҳамчунон таъкид карданд, ки пайравӣ аз мазҳаби Имом Абуҳанифа дар Афғонистон мураввиҷ аст ва бояд ҳар мусалмон мутобиқи он амал намояд.

Маврид ба зикр аст, ки ваҳҳобият ё салафият равише аст, ки Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб дар қарни ҳаҷдаҳум дар Наҷди Арабистон бунён гузошт ва аз соли 1744 мавриди пазириши хонадони саъудӣ қарор гирифт. Дидгоҳи ваҳҳобӣ ба як полоиши асосӣ дар ислом муътақид аст ва зиёрати қубур ва тақдиси бархе афродро далолате бар ширк унвон мекунанд.

Ваҳҳобият илҳомбахши бисёре аз гурӯҳҳои террористӣ будааст.

Гурӯҳи Доъиш яке аз гурӯҳҳое аст, ки бо ақоиди ваҳҳобӣ фаъолият мекунад.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи Толибон гуфтааст, ин баёния ҳанӯз расмӣ нест ва онро таъйид намекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97