“МегаФон Тоҷикистон” барои донишҷӯёни донишгоҳи Бохтар дарсҳои боз баргузор мекунад

Хабари хуб 13.12.2018 10:32

Моҳи октябри соли ҷорӣ дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дарси кушод (боз) барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар баргузор гардид. Ширкаткунандагони ин дарсҳо дар мавриди имкониятҳои интернетии муъосир ва инчунин, роҷеъ ба хизмадрасониҳои мобилие, ки боъиси осон кардани кори  муштариёни оператор мегардад, иттилоъ пайдо карданд. Донишҷӯён зимни баргузории ин дарсҳои боз фикру мулоҳизоте пешниҳод карданд, ки замина барои идомаи ин тарҳ гардиданд. Акнун чунин дарсҳои кушод ҳар ҳафта баргузор карда мешаванд.

Тибби онлайн ва воситаҳои нақлияи бидуни сарнишин, «боты – юристы» - ҳамаи ин на эҷодиёти тахайиюлӣ, балки технологияҳои дар воқеъ амалкунанда мебошанд, ки бояд аз ҷониби донишҷӯёни имрӯза инкишоф дода шаванд. Албатта, интернет ба онҳо инчунин барои ҷанбаҳои дигар низ зарур аст. Роҳу воситаҳои истифодабарии ин манбаъро новобаста аз ихтисоси интихобнамуда донишҷӯён имкон доранд зимни дарсҳои ташкилшуда аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, биомӯзанд..

Маҷид Сайдҳасанов раҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон дар ин робита изҳор дошт: бо тавсеъаи шабака муштариён ҳатто дар навоҳии дурдасттарин ба интернети босуръат дастрасӣ пайдо мекунанд. Донишҷӯёни имрӯза метавонанд аз шабакаи ҷаҳонӣ маълумоти барои худ муҳимро дастрас намуда, технологияҳои рақамиро дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон зимни фаъолиятҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, соҳибкорӣ ва инчунин зимни хидмати давлатии худ истифода намоянд. Аз ҳама муҳим мо бояд дарк кунем, ки дар замони имрӯза интернет дар ҳама касбу кор воситаи муҳимми корӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин масъалаҳо дар рафти дарсҳои бози мо баррасӣ карда мешаванд”.

Беҳрӯз Сафаров PR-менеҷери раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон низ афзуд: “вазифаи дуюми муҳимми оператор мусоъидат дар ҳифзи хизмадрасониҳои муъосир ва роҳҳои идоракунии онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, акнун ҳар як муштарии “МегаФон Тоҷикистон” метавонад мустақилона тарофаҳоро тағйир дода, бастаҳои интернетиро пайваст намояд ё хароҷоти зангҳои худро ба наздикони худ дар Русия кам намояд. Махсусан бо ин мақсадҳо “Ҳуҷраи корӣ” ва замимаи “МегаФон Life” пешбинӣ карда шудаст”.

 “МегаФон Life”-ро метавон бевосита зимни дарс бо ёрии Wi-Fi корандозӣ намуд. Донишҷӯёни фаъолтар бошанд бастаҳои интернетиро бо ҳаҷмҳои 3 000, 2 000 ва 1 000 Мб. ба даст меоранд.

Шӯҳрат Мирзоев донишҷӯи бахши дуввуми донишгоҳи давлатии Бохтар ба ин назар аст, ки: чунин дарсҳо хеле муфиданд, зеро ба мо роҳҳои дурусти истифодаи интернет ва кӯмак кардани он дар ҳама корҳоямонро меомӯзад. Дар шабака метавон матни дилхоҳ китобро пайдо намуд, ки дигар ҳоҷати рафтан ба китобхона намемонад. Муаллимони оянда бошанд, донишҳои худро аз донишҷӯён дареғ надошта, маълумотро тариқи Wi-Fi ба дигарон мерасонанд. Интернет ҳаётро ба ҷониби мусбат тағйир медиҳад. Ташаккур ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои донишҳо ва барои дастрасии мобилие, ки ман ҳанӯз тӯли чандин сол аз он истифода мебарам!” .

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97