Таъсиси 70 ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон тайи солӣ ҷорӣ

Хабари хуб 13.12.2018 09:48

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 70 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии ин кишвар ворид шуданд. Дар маҷмуъ шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба 140 адад расид.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳадаф аз таъсиси ин муассисаҳоро ба баргузории соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин кишваромуртабит дониста ва хостори ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ эътироф гардида, бо лиҳози татбиқи сиёсати дарҳои кушод ва амалӣ кардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрўзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Тоҷикистон як саре аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав фароҳам оварданд, ки барои рушди соҳа такони нав бахшида истодааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97