Тоҷикистон мехоҳад 200 миллион доллар аз қарзи ҳориҷиашро дар соли ҷорӣ коҳиш диҳад

Хабари хуб 13.12.2018 08:54

Бино ба иттилоъи хабаргузории ТоҷикТа бо истинод аз вазорати молияи Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар дар соли ҷорӣ барои пардохти қарзҳои берунааш 200 миллион доллар сарф хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол соли гузашта Тоҷикистон барои пардохти қарзи берунааш 176,4 миллион доллар ҷудо карда буд, ки дар муқоиса ба соли ҷорӣ 23,6 миллион доллар камтар будаааст.

Вазорати молия Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд: “тақрибан 139 миллион доллар барои пардохти қарзҳои асосӣ ҷудо карда шудааст”.

Тибқи иттилои манбаъ, дар аввали моҳи октябри соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон ба 2 миллиарду 873 миллион доллар расида аст.

Маврид ба зикр аст, ки аз аввали сол Тоҷикистон қарзи берунаашро ба 5,2 миллион доллар камтар кардааст.

Дар ҳамин ҳол қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон “Эксимбанк”-и Чин боқӣ мемонад. Бар души ин муассиса беш аз 35 дарсади қарзи берунаи кишвар рост меояд. Тоҷикистон аз бонки мазкур 1,2 миллиард доллар қарздор мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97