Дар мавриди суди мева ва сабзӣ барои ҳофиза

Хабари хуб 12.12.2018 11:36

Бар асоси ёфтаҳои як пажӯҳиши тоза, миёнсолоне, ки миқдори зиёди сабзиҷот ва мева масраф мекунанд, дар куҳансолӣ бо эҳтимоли камтар ба мушкилоти ҳофиза дучор мешаванд.

Донишмандон дар ҷараёни ин пажӯҳиш 28 ҳазор мардро дар ҷараёни ду даҳҳа баррасӣ карданд. Ширкаткунандагон ҳар чаҳор сол пурсишномае дар мавриди масрафи сабзиҷот ва меваҷот ва дигар маводи хӯрокӣ ҷавоб доданд.

Дар ҷараёни пажӯҳиш иштироккунандагон ҳамвора озмоиши ҳофизаро сипарӣ карда ва дар мавриди рӯйдодҳо ва корҳое, ки дар гузаштаи дур ва наздик таҷриба карда буданд, маълумот доданд.

Ширкаткунандагон, ки аз раҳгузари миқдори масрафи сабзӣ ва мева дар гурӯҳҳои мухталиф дастабандӣ шуда буданд, ҳамчунон дар солмандии миёнгини 73 сол озмоишҳои маҳорати тафаккур ва ҳофизаро пушти сар гузоштанд.

Натоиҷ нишон дод касоне, ки бештарин миқдори мева ва сабзиро дар миёнсолӣ то солмандӣ масраф карда буданд, 34 дар сад камтар бо мушкилоти ҷиддӣ ва печидаи ҳофиза дучор шуданд.

Ченчжоу Юан пажӯҳишгари аршади ин таҳқиқ дар факултаи сиҳҳати омма дар донишгоҳи Ҳорвард ба хабаргузории “Reuters” гуфтааст, ки масрафи давомдори сабзиҷот ва меваҷот бо беҳбуди фаъолияти шинохтӣ дар солмандӣ рабт дорад.

Вай таъкид мекунад, ки танҳо масрафи сабзиҷот ва меваҷот зомини саломати амалкарди ҳофиза ва димоғ набуда ва ба гуфтаи вай фаъолияти физикӣ, хоби кофӣ ва муназзам, парҳез аз истеъмоли духониёт низ аносири асосӣ барои коҳиши хатари мубтало шудан ба мушкилоти шинохтӣ пиндошта мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97