Вазъияти иқлимии курраи Замин метавонад ба се миллион сол қабл баргардад

Хабари хуб 12.12.2018 10:47

Гармоиши бо суръати баланди Замин метавонад курраи хокиро ба шароите шабеҳ ба се миллион сол пеш бозгардонад. Чунончи раванди кунунии тавлиди гази карбондор идома ёбад, бисёре аз гунаҳо аз миён хоҳанд рафт.

Бар асоси як пажӯҳиши ҷадид, вазъияти обу ҳавои курраи Замин метавонад дар соли 2030 шабеҳ ба шароити иқлимии ин сайёра дар се миллион сол пеш шавад.

Дар гузорише, ки 10 декабр дар ҳафтаномаи тахассусии Академияи миллии улуми Амрико мунташир шуд, омадааст, ки дар сурати идомаи тавлиди мизони кунунии гази карбондор дар ҳаво, ҳатто мумкин аст шароити обу ҳавои курраи Замин дар соли 2150 ба даврони шаклгирии нахустин пистондорон дар 50 миллион сол пеш бозгардад.

Ҷек Уилямс коршиноси масоили иқлимӣ аз донишгоҳи Висконсин ва аз нависандагони пажӯҳиши мазкур мегӯяд: мо тағйироте азимро дар замоне ба ғоят кӯтоҳ ба вуҷуд меоварем.

Курраи Замин дар давраи Плиотсен дар ҳудуди се миллион сол пеш давроне гарм бо обу ҳавои хушкро таҷриба мекард. Дар ин даврон Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ ҳанӯз аз роҳе заминӣ ба ҳам муттасил набуданд, Греландия ҳанӯз яхзада набуд ва сатҳи обҳои озод 18 метр болотар аз имрӯз буд. Дамои замин низ дар ин даврон дар маҷмуъ байни 1/8 ва 3/6 дараҷаи селсӣ болотар аз дамои кунунии курраи Замин буд.

Ҳамзамон гармоиши сареъи Замин бархе гунаҳоро, ки тай миллионҳо сол ба шакли имрӯзии худ дар омадаанд, ғофилгир хоҳад кард. Дар чунин шароите шумори зиёде аз гунаҳои табиъии аз миён хоҳанд рафт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97