Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷашни Соли нави 2019 ҳамагӣ як рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Имсол тоҷикистониён дар Соли нав ҳамагӣ як рӯз, яъне 1-уми январ таътил мекунанд.
Бар тибқи қонунгузории Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои истироҳат" дар ҷашни Соли нав танҳо 1-уми январ истироҳат эълом карда шудааст.
Ҳамин тавр, ахирон рӯзи соли 2018, яъне 31 декабр ба рӯзи душанбе рост меояд, барои ҳамин ин рӯз дар кишвар рӯзи корӣ аст. 2 январ низ рӯзи корӣ эълон шудааст. Барои ҳамин рӯзи истироҳат танҳо 1-уми январ боқӣ мемонад.
Ёдрас мешавем, соли гузашта тоҷикистониён дар Соли нав 3 рӯз истироҳат карда буданд.
Дар дигар кишварҳо Соли навро барои чандин рӯз таътил эълом кардаанд. Аз ҷумла Русия Соли навро то 9 январ таҷлил мекунад. Дар ин кишвар 29 декбр, рӯзи шанбе рӯзи корӣ эълон шуда, аз 30-уми декбр то 9 январ рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе як арчаи 28- метрӣ насб гардид.
Арчаи мазкур баландтарин дар таърихи кишвар ба ҳисоб меравад. Баландии арчаи солинавӣ 28 метр ва вусъаташ 13 метр будааст.