Амрико ва Русия аз бузургтарин фурӯшандагони силоҳ дар ҷаҳон ба шумор мераванд

Хабари хуб 11.12.2018 14:33

Кишварҳои Амрико ва Русия саҳми худро дар фурӯши силоҳ дар миёни 100 тавлидкунандаи бузурги таслиҳотӣ дар ҷаҳон афзоиш додаанд.

Бино ба гузориши Институти таҳқиқотии сулҳи ҷаҳонӣ мустақарр дар шаҳри Стокголми Шведсия, маблағи фурӯши 100 ширкати бузурги тавлидкунандаи силоҳ дар ҷаҳон дар соли 2017 бо 2.3 дар сад афзоиш ҳудудан 398.2 миллиард доллар шудааст.

Аз соли 2002 то ҳоло, ки Институти таҳқиқотии сулҳи ҷаҳонӣ иқдом ба нашри гузорише дар бораи бозори фурӯши силоҳ дар ҷаҳон кардааст, маҷмуъан фурӯши силоҳ 44 дар сад афзоиш ёфтааст.

40 ширкати амрикоӣ, ки дар ин лист ҷой гирифтаанд бо ду дар сад афзоиш дар фурӯши таслиҳот дар соли гузашта, 57 дар сади кулли фурӯши силоҳи ҷаҳон маблағе болиғ бар 226.6 миллиард долларро аз они худ кардаанд.

Ширкатҳои русии тавлидкунандаи таслиҳот дар соли гузашта ва барои бори нахуст аз соли 2002, бар ширкатҳои инглисии тавлидкунандаи силоҳ пешӣ гирифтанд. Ширкатҳои тавлидкунандаи таслиҳоти русӣ дар маҷмуъ 9.5 дар сади кулли фурӯши таслиҳот дар ҷаҳонро дар даст доранд. Ширкатҳои русӣ дар соли гузашта бо 8.5 дар сад афзоиши фурӯши таслиҳот муваффақ шуданд 37.7 миллиард доллар фурӯш дошта бошанд.

Дар байни ширкатҳои русӣ, ки саргарми тавлиди таслиҳотанд, ширкати “Алмаз Антик” ба рағми ин ки бо таҳримҳои ҷаҳонӣ даст ба гиребон аст, ҳама сола тақрибан 17 дар сад ба фурӯши таслиҳотии худ афзудааст то ин ки акнун ин кишвар дар листи 10 фурӯшандаи бузурги таслиҳотӣ дар ҷаҳон ҷои гирифтааст.

Ширкатҳои инглисии тавлидкунандаи таслиҳот ҳанӯз бештарин тавлидоти худро ба кишварҳои Аврупои ғарбӣ мефурӯшанд ва дар бозори ҷаҳонӣ дар қиёс ба ширкатҳои русӣ ҳатто муштарии камтаре доранд. Англия соли гузашта бо афзоиши 2.3 дар сад фурӯши таслиҳот, маҷмуъан 38.7 миллиард доллар силоҳ фурӯхтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97