Чароғи роҳнамоӣ 150 сола шуд

Хабари хуб 11.12.2018 10:03

Чароғи роҳнамоӣ (светофор) 150 сола шуд

Чандин даҳа аст, ки чароғҳои роҳнамоӣ кумак мекунанд то пиёдагардон ва низ мошинсаворон дар хиёбонҳо бо ҳам ба хубӣ бархӯрд кунанд. Имрӯз 150 солагии чароғи роҳнамоӣ аст.

Ихтироъкори нахустин чароғи роҳнамоӣ Ҷон Пик Найти англис ба шумор меравад.

Афсари пулисе, ки 150 сол пеш нахустин чароғи роҳнамоиро ба кор андохт бар асари таркиш ба сахтӣ маҷрӯҳ шуд, чун аз гоз барои тавлиди нур истифода карда буд. Аммо инак як плакати сабзранг дар маҳалле, ки таркиш рух дода буд, ёди ихтироъкори чароғи роҳнамоиро гиромӣ медорад. Номи ӯ Ҷон Пик Найт буд. Идея ва тарҳи Найт интиқоли аломатҳои ҳушдордиҳандаи хати роҳи оҳан ба роҳҳо ва хиёбонҳо буд.

Пас аз ҷараёни таркиш дигар хабаре аз аломатҳои ҳушдордиҳанда набуд ва хиёбонҳои Лондон ба муддати 50 сол аз вуҷуди чароғи роҳнамоӣ фориғ буданд. То ин ки саранҷом чароғи роҳнамоии барқӣ дар соли 1914 дар шаҳри Кливленд воқеъ дар иёлати Огайои Амрико ба баҳрабардорӣ расид. Дар аввалҳои даҳаи 1920 истифода аз чароғи роҳнамоӣ дар Урупо низ бо муваффақият мумкин гашт.

Дар соли 1930 воситаҳои нақлиёти шаҳри Берлин дигар бо аломати чароғҳои роҳнамоӣ ва ронандагӣ ба тараддуд дар хиёбонҳо мепардохтанд. Яке аз тасвирҳои таърихӣ аз хиёбонҳои он замон, бурҷи роҳнаморо дар майдони Потсдам нишон медиҳад. Маъмури пулис дар болои ин бурҷ менишаст ва бо даст ронандагони васоили нақлияро роҳнамоӣ ва ҳидоят мекард.

Нахустин чароғи роҳнамоӣ танҳо ба ду аломати сурх ва сабз муҷаҳҳаз буд ва ба ҷои ранги зард, ки баъдҳо ба он ду ранг изофа шуд, садои як занг тағйири рангҳоро эълом мекард. Бо омадани чароғи роҳнамоии барқӣ дар даҳаи 1960 ранги зард низ миёни ин ду ранг ҷо гирифт.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97