Ҳафтумин нишасти вазирони хориҷаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар Душанбе баргузор мешавад

Хабари хуб 11.12.2018 09:13

Ҳафтумин нишасти вузарои умури хориҷаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” дар таърихи 15 ва 16 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистону Ҷопон ширкат мекунанд.

Вузарои умури хориҷа дар ин нишаст таъмини субот ва амният дар минтақа ва чаҳон ва ҳаллу фасли авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодию бозаргонӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои мазкур ҳамчунин мавзуъи тағйири обу ҳаво ва аз байн бурдани офатҳои табиъӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷопонро баррасӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар поёни нишаст баёнияи муштарак ба имзо расад.

Музикирот миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар соли 2004 бо ҳадафи тақвияти гуфтугӯи сиёсии кишварҳои узв, тавсеъаи таъомулоти минтақавӣ, ҳимоят аз тиҷорат, баррасии масоили амният ва ривоҷи иртибототи фарҳангӣ эҷод шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97