Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи пасти нуфузи терроризм шомил шуд

Хабари хуб 10.12.2018 13:09

Бино ба гузориши хабаргузории "eadaily.com", Тоҷикистон дар рутбабандии (рейтинг) терроризми ҷаҳонӣ ба гурӯҳе аз кишварҳое, ки дорои сатҳи пойини нуфузи терроризм мебошанд, қарор гирифтааст.

Дараҷаи хеле пойини нуфузи терроризм бар асоси ин рутбандӣ дар Қирғизистон (80-ум ҷой), Арманистон (83-ум), Гурҷистон (89-ум), Озарбойҷон (98-ум), Латвия (107-ум), Молдавия ва Эстония (116- ум) ва Узбекистон (132-ум) ба сабт гирифта шудааст.

Амалан терроризм дар кишварҳое монанди Белорус, Литва ва Туркманистон, ки дар мақоми 138 қарор гирифтаанд, ҳеч таъсире надоштааст. Ҳамин тариқ, 26 кишвар, ки таввасути муҳаққиқони ин марказ дар робита ба терроризми ҷаҳонӣ баҳогузорӣ шудаанд, дар рутбаи 138 ҷой гирифта ва аз хатари терроризм дар амон мондаанд.

Ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи пастарини терроризм Шветсия (51-ум ҷой), Япония (67-ум), Италия (69-ум), Тоҷикистон (74-ум) ва Қазоқистон (75-ум) ворид гардиданд.

Кишварҳои Русия (34-ум ҷой), Бритониёи Кабир (28-ум), Фаронса (30-ум), Чин (36-ум), Германия (39-ум) ва Исройил (41-ум) ба кишварҳои дараҷаи миёнаи таъсири терроризм шомил мешаванд.

Дараҷаи баланди таъсири терроризм дар Туркия (12-ум ҷой), Иёлоти Муттаҳида (20-ум) ва дар Украина (21-ум) ба сабт расидааст.

Ҳамин тариқ, аз ҳама дараҷаи баланди таъсири нуфузи терроризм дар Ирок, Афғонистон ва Нигерия ба мушоҳида расидааст.

Индекси глобалии терроризм дар панҷ соли охир бар асоси чаҳор нишондиҳанда тартиб дода шудааст: шумораи умумии ҳодисаҳои террористӣ, шумораи умумии кушташудагон дар натиҷаи амалҳои террористӣ, шумораи умумии мавриди зӯроварии террористон қарор гирифта ва дараҷаи хисороти умумӣ аз амалҳои террористӣ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97