Кашфи ду минерали нав бо номи “Фалғарит” ва “Бадахшонит” аз суи олимони Институти геологияи Тоҷикистон

Хабари хуб 10.12.2018 10:58

Бино ба гузориши хабаргузории АМИТ “Ховар”,олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академияи илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Осорхонаи минерологии академияи илмҳои Россия зимни корҳои муштараки илмӣ – саҳроӣ аз ҳудуди ин кишвар ду минерали нав бо номи «Фалғарит» ва «Бадахшонит»  — ро кашф намуданд.

Илҳом  Оймуҳаммадзода директори Институти геологияи Тоқикистон дар робита ба ин мавзуъ гуфт: минерали «Фалғарит- K4(VO)3(SO4)5» дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар мавзеи кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи Яғноб аз ҷониби муҳаққиқон Паутов,.Мираков, Сидра, Назарчук, Файзиев ва Карпенко бозкушоӣ карда шуд.

Минерали «Бадахшонит (Y)  — Y2Mn4Al(Si2B7BeO24)» дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби олимони тоҷик ва Осорхонаи минерологии ба номи Ферсмани академияи илмҳои Россия дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар километри 45-уми шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ (пегматити Дорожний) кашф карда шудааст. Муаллифони он Паутов,.Мираков, Фернандо, Соколова, Франк, Шодибеков ва Карпенко маҳсуб мешаванд.

 Ба гуфтаи ин олим, минералҳои «Фалғарит» ва «Бадахшонит»  вобаста ба мавзеи пайдоишашон номгузорӣ шудаанд.

Минерал кандании фоиданоке ба шумор меравад, ки он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ороиш, техникаву тиб васеъ истифода мешавад. То имрӯз дар ҷаҳон 5336 намуди минералҳо муайян карда шуданд. Ҳамасола комиссия оид ба минералҳои  нав даҳҳо навъи минералро эътироф ва қабул менамояд.

Олимони Тоҷикистон то имрӯз беш аз 30 минерали нав пайдо намудаанд, ки «Тоҷикит», «Сурхобит», «Тиёншонит», «Баротовит», «Дӯсматовит», «Дараипиёзит», «Файзиевит», «Ғармит» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97