Коҳиши чашмгири сомонӣ

Хабари хуб 23.07.2009 15:01

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии кишвар дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 16 июл гуфт, ки қурби сомонӣ, пули миллии кишвар дар баробари арзҳои хориҷӣ устувор хоҳад монд.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи мақомоти ин бонк, дар муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ қурби пули миллӣ дар муқобили доллари амрикоӣ беш аз 27 дарсад коҳиш ёфтааст.

Афзун бар ин, дар муддати чанд рӯзи ахир тамоюли уфти қурби пули миллӣ ба мушоҳида расидааст. Ҳамакнун дар дӯконҳои хариду фурӯши арзҳои хориҷӣ баҳои 1 доллари амрикоӣ ба 4 сомониву 44 дирам баробар шудааст.

Се рӯз қабл 1 доллар бо 4 сомонву 41 дирам харидорӣ мешуд. Шариф Раҳимзода иллати ин амрро дар тағийри қурби рубли русӣ дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ марбут донист ва гуфт, ки ин вазъ ба бозори Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст.

Гузоришҳо аз он даракгӯст, ки қурби рубли русӣ нисбат ба доллар дар бозори ҷаҳонӣ 9 дарсад пойин рафтааст.

Шариф Раҳимзода мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар қисмати шимоли Тоҷикистон истифода аз рубли русӣ бештар сурат мегирад, вале таҳаввули ахир боиси он шуд, ки талаботи сокинони ин минтақа ба доллар афзоиш ёбад ва ин омил ба поён рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллар боис шудааст.

Аммо Шариф Раҳимзода хушбин аст, ки қурби пули миллӣ дар кишвар устувор хоҳад монд.

Вай авлавият гузоштан ба мизони содирот ва воридоти кишварро омили устувории қурби сомонӣ медонад ва мегӯяд: "Ҳаҷми воридот аз содирот дар авоили соли ҷорӣ 3,8 маротиба зиёд буд, вале ҳоло ин рақам 2,3 маротиба шудааст. Таҳлилҳо собит мекунанд, ки 1,1 дарсад аз ин маблағҳо бидуни пардохти арз ворид мешаванд. Ин баробарии воридоту содирот аст ва дар ин сурат фишор ба қурб намешавад."

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши Идораи гумруки Тоҷикистон, мизони тиҷорати хориҷии кишвар дар нимаи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта беш аз 31 дарсад коҳиш ёфта ва содироти мол ду баробар кам шудааст.

Коҳиши қурби пули миллӣ дар ҳолест, ки мизони таваррум низ дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ бамаротиб коҳиш ёфта ва 2,8 дарсадро ташкил додааст.

Ин рақам дар шаш моҳи нахусти соли гузашта ба 8,3 дарсад баробар будааст. Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон дурнамои мизони таваррумро дар соли ҷорӣ 13 дарсад пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод мизони маблағҳои интиқолии муҳоҷирон дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 34 дарсад коҳиш ёфтааст. Шариф Раҳимзода гуфт, дар ин муддат аз тариқи бонкҳо маблағи ҳудуди 697 миллион доллар аз муҳоҷирон интиқол ёфтааст.

Аммо Шариф Раҳимзода мегӯяд, ҳиссаи рубли русӣ дар ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар бамаротиб афзоиш ёфта ва Бонки Миллӣ дар ин авохир рӯзона ҳудуди 50 миллион рубли русиро аз муомилот бармедорад.

Ин аст, ки ба гуфтаи Раиси Бонки миллӣ, дар муддати ду ҳафтаи ахир 596 миллон рубли русӣ аз муомилот гирифта шуда ва ба бонкҳо маблағи 16 миллион доллар ба фурӯш гузошта шудааст.

Раиси Бонки Миллӣ ба ин назар аст, ки дар шароити феълӣ ин таҳаввули мусбат аст. Зеро сокинон аз тариқи интиқоли маблағҳо бо рубли русӣ маблағи камтаре пардохт хоҳанд кард.

Шариф Раҳимзода ҳамчунин гуфт, ки Бонки Миллӣ дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 217 кг тилло харидорӣ кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 150 кг камтар аст. Ӯ иллати коҳиши харидории тилло тавассути Бонки Миллиро ба умури таҷдиду бозсозӣ дар корхонаи муштараки тавлиди тиллои "Зарафшон" марбут донист.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки Бонки Миллӣ дар нимаи нахусти соли ҷорӣ як амалиёти хариду фуруӯши тиллоро анҷом додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳангоме ки қимати тилло дар бозори ҷаҳонӣ 949 долларро ташкил медод, тавассути Бонки Миллӣ як тон тилло ба фурӯш гузошта шуда ва ҳангоме ки қимати он дар бозори ҷаҳонӣ 929 доллар буд, як тон тилло харидорӣ шудааст.

Зимнан, тибқи иттилои масъулони Бонки Миллӣ, захираи тилло ва арзи ин бонк дар авоили моҳи ҷорӣ маблағи беш аз 184 миллион долларро ташкил медиҳад.

Раиси Бонки Миллӣ гуфт, ки ин бонк беш аз се тон тилло дар ихтиёр дорад ва корхонаи муштараки тавлиди тиллот "Зарафшон" аз шарикони аслии ин бонк маҳсуб мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97