Нисфи аҳолии ҷаҳон аз интернет истифода мекунанд

Хабари хуб 10.12.2018 09:45

Акнун ниме аз аҳолии ҷаҳон ба интернет дастрасӣ дорад. Иттиҳодияи байналмиллалии телекоммуникатсия тай гузорише аз ин пешрафт хабар дода ва афзудааст, ки то поёни соли ҷорӣ 3.3 миллиард аз мардуми тамоми ҷаҳон онлайн хоҳанд шуд.

Гузориш дарёфт кардааст, ки бакоргирии маълумоти технологии мухобиротӣ дар атрофи ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст. Гузориш афзудааст, ки бештари истифодакунандагон аз интернет дар кишварҳои пешрафта зист доранд.

Дар ин кишварҳо бештар аз 80 дар сад аз бошандагони онон онлайн мебошанд. Аммо гуфта шудааст, ки интернет дар кишварҳои рӯ ба инкишоф низ ба суръат рӯ ба пешрафт аст, чунончи дар соли 2005 танҳо 7.7 дар сади мардуми ҷаҳон ба интернет дастрасӣ доштанд, вале имсол ин рақам ба 45.3 дар сад зиёд шудааст.

Иттиҳодияи байналмиллалии телекоммуникатсия мегӯяд, ки дар қораи Африқо рушди бакоргирии интернет хеле сареъ будааст. Дар ин ҷо дар соли 2005 танҳо ду дар сад ба интернет дастрасӣ доштанд, вале ин рақам дар соли 2018 ба 25 дар сад баланд рафт.

Аммо бар хилофи интизор мизони рушди интернет дар Аврупо ва қораи Амрико хеле суст буда, ҳатто дар минтақаи Осиё ин афзоиши суст камтар будааст.

Иттиҳодияи байналмиллалии телекоммуникатсия мегӯяд, кишварҳое, ки ба иқтисоди диҷитолӣ (рақамӣ) пайваст шудаанд аз лиҳози рақобатӣ дар иқтисод дар вазъи беҳтаре қарор доранд.Ин иттиҳодия меафзояд, бо таассуф барои аксарият ҳазинаи дастрасӣ ба шабакаҳои телекоммуникатсия ҳанӯз бисёр боло аст.

Ба тасреҳи ин иттиҳодия, қиматҳо бояд пойин оварда шавад то иқтисоди рақамӣ барои ними дигаре аз мардуми ҷаҳон, ки то ҳол аз интернет кор намегиранд, дастрас шавад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97