Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 362 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст

Хабари хуб 08.12.2018 10:25

Бо таваҷҷуҳ ба гузориши ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, дар тӯли ин давра дар маҷмуъ 361. 7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 252.8 миллион доллар ба ин кишвар ворид карда шудааст.

Ба ҳисоби миёна арзиши як тонна нафт 698 долларро ташкил додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба Тоҷикистон 358.4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми 210.4 миллион доллар, яъне 587 доллар барои ҳар тонна ворид карда шуд.

Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ворид карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон дар ин давра 316,5 ҳазор тонна ба маблағи 147,7 миллион долларро ташкил дод. Ба ҳисоби миёна арзиши як тонна гази моеъ 466 доллар буд.

Соли гузашта, дар ин давра 297,6 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи  135,4 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид гардид, ки ҳар тоннаи он 454 доллар арзиш дошт.

Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан тавассути Қазоқистон таъмин карда мешавад.

Бар асоси маълумоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир беш аз 60 дар сади нақлиёти автомобилии ин кишвар аз гази моеъ ба унвони сӯзишворӣ истифода мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97