Ҳар як 24 сония як нафар дар ҷаҳон бар асари садама дар роҳҳо ҷони худро аз даст медиҳад

Хабари хуб 08.12.2018 08:56

Шумори афроде, ки соли 2018 дар садамаҳои ҷодаӣ ҷони худро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз даст додаанд, 1 миллиону 350 ҳазор нафар гузориш шудааст.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бо интишори гузорише аз вазъияти амнияти роҳҳо дар ҷаҳон, ки ҳар панҷ сол як бор мунташир мешавад бо эъломи ин матлаб ёдовар шуд: “ҳодисаҳое, ки дар роҳҳо рух медиҳанд муҳимтарин омили маргу мир дар миёни афроди 5 то 29 соларо ташкил медиҳанд”.

Гуфтанист, ки мизони кулли маргу мир бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо бар асоси ин гузориш ҳадди ақалл 100 ҳазор нафар нисбат ба гузориши қаблии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ афзоиш нишон медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба омори ироашуда метавон ба таври хулоса гуфт, ки ҳар 24 сония як нафар бар асари садамаи ҷодаӣ дар ҷаҳон ҷони худро аз даст медиҳад.

Тибқи гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ пиёдагардҳо, дучархасаворҳо ва мошинсаворон ба сурате номуносиб ва ба вижа дар кишварҳои дар ҳоли рушд саҳми асосие аз қурбониёни ҳодисаҳои дар роҳҳо ба вуқуъ пайвастаро ба худ ихтисос додаанд. Бар ин асос пиёдагардон ва дучархасаворон 26 дар сад аз қурбониёни садама дар роҳҳоро ташкил медиҳанд. Ин мизон дар Африқо 44 ва дар кишварҳои Шарқ 36 дар сад гузориш шудааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки хатари маргу мир бар асари садамаҳои ҷодаӣ дар кишварҳои дорои даромади пойин нисбат ба кишварҳои пешрафта се баробар бештар аст.

Бар ин асос, Африқо бо шохиси 26.6 барои ҳар як сад ҳазор нафар болотарин ва Аврупо бо шохиси 9.3 барои ҳамин теъдод пойинтарин мизони маргу мир бар асари садамаҳои ҷодаиро ба номи худ сабт кардаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97