Вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар иҷлоси САҲА: аз сиёсатҳои дугона худдорӣ кунед

Хабари хуб 07.12.2018 15:05

Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар 25- умин иҷлоси шӯрои вузарои умури хоиҷаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ин созмон хост то аз сиёсатҳои дугонаи худ дар баробари кишвари мо худдорӣ кунанд.

6 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Милани Италия як ҳайати  аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи ин кишвар дар 25- умин иҷлоси шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ Аврупо (САҲА) ширкат карданд.

Зимни ҳамоиши мазкур роҳбарони ҳайатҳои расмии 57 кишвари ширкаткунанда ва 11 кишвари шарики САҲА роҷеъ ба бандҳои асосии рӯзномаи иҷлос, масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла роҳҳои тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоту чолишҳои муъосир мубодилаи афкор намуданд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар  ин иҷлос мавқеи ҳуқумати кишварро нисбат ба масоили умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА ироа намуда, таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро ба зарурати рӯи даст гирифтани иқдомоти муштарак бо ҳадафи таҳкими амният дар паҳнои САҲА, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва экстремизм ва дар ин замина ҳамкорӣ барои тавсеаи амният дар марз ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон ҷалб кард. 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба қазияи коҳиши эътимод миёни кишварҳои узви ин созмон, ҷиҳати худдорӣ аз сиёсати меъёрҳои духӯра дар баррасии мушкилоти ҳалталаби рӯз даъват ба амал овард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97