Покистон18 созмони хайрияро аз қаламраваш берун мекунад

Хабари хуб 07.12.2018 13:00

Ҳукумати Покистон тасмим гирифтааст 18 созмони хайрияи ҷаҳониро, ки дар ин кишвар фаъолият доранд, аз қаламраваш хориҷ кунад.

Аксари созмонҳое, ки қарор аст аз Покистон хориҷ шаванд, ниҳодҳои хайрияи амрикоӣ буда ва шуморе ҳам мустақарр дар Бритониё ё дигар кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, аммо феҳрасти комили ин муассисот то кунун нашр нашудааст.

Ҳадди ақалл 20 созмони дигари хайрияи хориҷӣ низ ба хатари ихроҷ аз Покистон дучор ҳастанд. Мақомҳои покистонӣ чанд моҳ қабл бидуни равшанӣ андохтан ба ин масъала ба 38 созмони хайрияи хориҷӣ иттилоъ доданд то фаъолиятҳои худро дар Покистон мутафаққиф кунанд.

Ширин Мазорӣ вазири ҳуқуқи башари Покистон бо ишора ба ин 18 ниҳоди хайрияи хориҷӣ дар Твиттер навишт: “онҳо бояд хориҷ шаванд. Бар асоси маромномаи муайянашон боясти кор мекарданд, ки ин 18 ниҳод чунин накарданд”.

Амир Ҳасан сухангӯи бунёди имдоди Покистон гуфт, ки ин 18 ниҳод бо фароҳам кардани 130 миллион доллар ба 11 миллион покистонии фақир имдодрасонӣ мекарданд.

Вай афзуд, ба ҳеч як аз ин созмонҳо тавзеҳ дода нашудааст, ки ба чи далел ҷавози фаъолиятшон таҷдид нашудааст ва чаро бояд фаъолияти худро мутаваққиф карда ва аз Покистон берун шаванд.

Аммо дар Исломобод чунин бардоштҳое вуҷуд дорад, ки Амрико ва кишварҳои аврупоӣ зери номи кормандони имдодрасон, махфиёна ҷосусони худро аз тариқи ин муассисот ба Покистон мефиристанд.

Пас аз он ки созмони истихбороти марказии Амрико ба ҳамдастӣ ба як корманди покистонӣ бо баҳонаи татбиқи барномаи воксин муваффақ ба шиносоии маҳалли пинҳонии Усома бини Лодин раҳбари пешини Алқоъида дар Покистон шуд, мақомҳои покистонӣ фаъолияти созмонҳои хайрияи хориҷиро ба диққат зери назар гирифта ва сахтгирии бештареро бар фаъолияти шуморе аз ин созмонҳо эъмол карданд.

Шакил Афридӣ пизишки покистонӣ, ки зери номи барномаи татбиқи воксин намунаи ДНК- ро аз маҳалли махфии бин Лодин гирифта ва онро дар дастраси Амрико қарор дода буд, акнун дар Покистон зиндонӣ аст, ҳарчанд Вошингтон ҳамвора хостори раҳоии вай шудааст.

Бо ин ҳол, Осаф Ғафур сухангӯи урдуи Покистон ҳар гуна иртибот миёни дастури ихроҷи созмонҳои хайрия ва амалиёти шиносоӣ ва куштани бин Лодинро рад карда ва гуфтааст, ки ин муассисот меъёроти лозимро барои идомаи фаъолияташон бароварда накардаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97