Бозори нав дар Хоруғ

Хабари хуб 23.07.2009 15:01

Бозори нав бо номи «20 соли истиқлоли Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз кард. Ин бозор ба ибтикори созмони ғайридавлатии мавсум ба «Роҳи абрешим» таъсис ёфта ва бо таваҷҷуҳ ба бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон чунин ном гирифтааст.

Сарвазир, Оқил Оқилов, ки ба манзури боздид аз тарҳҳои сохтмонии вилоят рӯзи 17 июл вориди Бадахшон шуд, бо буридани навори рамзӣ оғози фаъолияти бозорро эълом кард.

Ба гуфтаи Айдибек Бекмуродӣ, як масъули иттиҳодияи «Роҳи абрешим» марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ дар масоҳати се гектар замин анҷом ёфта ва ҳоло 600 нуқтаи фурӯш дар ихтиёри тоҷирони маҳаллӣ гузошта шудааст.

Ӯ афзуд, ки ин иттиҳодия ҳамчунин дар назар дорад, ки дар ин бозор анборҳои бештаре барои нигоҳ доштани мол, коргоҳи тавлидӣ ва фурӯши маводди сохтмонӣ, меҳмонхона ва дигар таъсисот бунёд кунад.

Сохтмони бозори нав дар шаҳри Хоруғ чаҳор сол пеш бо тақвияти истеҳкомоти соҳили дарёчаи Ғунд оғоз шуд ва иттиҳодияи «Роҳи абрешим» дар сохтани он аз маблағҳои худӣ, кӯмакҳои молии мақомоти маҳаллӣ ва Сандуқи Оғохон истифода кардааст.

Ба гуфтаи Айдибек Бекмуродӣ, масъули иттиҳодияи «Роҳи абрешим», ин созмон дар маҷмӯъ барои сохтани бозори нав ҳудуди як млн. доллари амрикоӣ сарф кардааст. Ва дар маҷмӯъ ҳудуди як ҳазор нафар аз сокинони вилоят ҷойи кор пайдо хоҳанд кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97