Дастгир шудани се нафаре, ки ба оташ задани мардум дар паркҳои Теҳрон машғул буданд

Хабари хуб 07.12.2018 10:03

Пулиси Теҳрон рӯзи гузашта эълом кард, ки муваффақ шуданд аъзои як гурӯҳеро, ки дар паркҳои Теҳрон ба оташзании мардум машғул буданд, дастгир карданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ: “ин гурӯҳ иборат аз се нафар будаанд, ки тавассути фарде бо номи Маҳди, ки қаблан низ дар маҳбас ба сар бурдааст, раҳбарӣ мешуданд. Вай бо ҳамроҳи ду ҷавони дигар даст ба оташ задани мардум дар маконҳои кушод дар Теҳрон мезаданд”.

Ба гуфти расонаҳои Эрон, ин афрод аз рӯи тафреҳ даст ба чунин коре задаанд.

Ҳамин тариқ пулис Теҳрон мушаххас кард, ки “сардори ин гурӯҳ як зиндонии собиқадор аст, ки қаблан ба ҷурми ҳамла бо корд дастгир шудааст. Ин муҷрим ҳамчунин дар солҳои баъд бо ҷурмҳое чун дуздӣ, вуруд ба манзилҳои сокинон ва қасдан гуноҳ содир кардан дастгир ва равонаи зиндон шудааст”.

Гуфтанист, дар рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоъӣ видеоҳое мунташир шуда буд, ки ин афрод бо пошидани нафт ё бензин бар рӯи мардум, бо равшан кардан бо гӯгирд онҳоро оташ задаанд. Қурбониён, ки ё хоб буданд, ё ҳушшон ба дигар тараф буд, бо ҳис кардани гармои оташ дар пушташон ҳаросон фирор мекунанд ва саъӣ мекунанд оташро хомӯш кунанд.

Ин гурӯҳи се нафара, ки бо ҳамроҳии якдигар даст ба чунин коре мезаданд, ҳамзамон аз амалиёти худ филмбардорӣ мекарданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97