Ҳамоиши “роҳҳои мубориза бо фурӯши инсон” дар Душанбе баргузор шуд

Хабари хуб 07.12.2018 09:10

Коршиносон ва мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар нишасте роҳҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи (фурӯш) инсонро баррасӣ карданд.

Ҳамоише бо мавзуъи ҷустуҷӯи роҳҳои ҷилавгирӣ аз фурӯши инсон бо ширкати коршиносон ва мақомоти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон бо мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар баргузор шуд.

Икром Умарзода муъовини вазири дохилаи Тоҷикистон зимни эъломи тағйироти қонуни мубориза бо фурӯши инсон ва ироаи кӯмак ба қурбониёни ин фоҷеъа гуфт: тай 10 моҳи нахусти соли ҷорӣ дар чорчӯби парвандаҳои судии марбут ба фурӯши одамон 49 нафар дастгир шуданд, ки 5 тани ононро мардон ва 44 нафари дигарро занон ташкил доданд.

Умарзода афзуд: бахши асоси қурбониёни фурӯши инсонро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар соли ҷорӣ 36 зан ва 10 кӯдак қочоқ шуданд.

Кристина Транка намояндаи Созмони байналмиллалии муҳоҷират зими суханоне дар ин ҳамоиш гуфт: тай 15 соли ахир созмони мазкур ба беш аз 700 нафар ба Русия, Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс ва Афғонистон қочоқ шуданд.

Вай афзуд: шиносойи афроди қочоқшуда дар шароити феълӣ кори бисёр душвор аст, вале бо ин ҳол коршиносони мо талош мекунанд бо дарёфти иттилоъоте дар ин замина маҳалли ҳузури чунин афродро мушаххас кунанд.

Мадина Худойназарова як зани 38 солаи тоҷик аз афроде мебошад, ки бо ваъдаи кор ба Арабистони Саъудӣ рафта ва тақрибан 2 сол дар хонаи як фарди маҳаллӣ дар шароити сахт кор кардааст.

Баъд аз муроҷиъат ба расонаҳо достони вай расонаӣ шуд ва вай бо кӯмаки мақомоти зирабти тоҷик ба ватан бозгашт.

Ба манзури ҷилавгирӣ аз чунин хатароте ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия мешавад, ки зимни муъомила бо афроди ношинос дар дарёфти пешниҳоди кор ё сафар бо ҳадафи кор ва туризм аз эҳтиёт кор гиранд ва аз муроҷиъат ба мақомоти зирабт, сафоратхонаҳо ё созмонҳои ҷаҳонии муҳоҷират наҳаросанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97