Пахта ба Ватан: 90 дар сади нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд

Хабари хуб 06.12.2018 15:33

Бино ба иттилои маркази матбуъотии вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то имрӯз дар кишвар бештар аз 90 дар сади нақшаи ҷамъоварии пахта ба иҷро расидааст.

Ин манбаъ дар идома афзудааст, ки кишоварзони Тоҷикистон аз оғози мавсим 323 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин 90,2 дарсад аз ҳаҷми нақшаи барномарезишударо ташкил медиҳад.

Дар манотиқи ҷанубии кишвар мавсими ҷамъоварии пахта дар поёни моҳи август оғоз шуда буд.

Ин манбаъ афзудааст: "Дар вилояти Хатлон то ба ҳол беш аз 200,6 ҳазор тонна пахта бардоштанд, ки 80,2 дарсади ҳаҷми барномарезишудаи соли ҷорӣ мебошад. Дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 111,5 ҳазор (111,5 дарсад) ва 11,4 ҳазор (131,4 дарсад) тонна пахта ҷамъоварӣ шуд.

То ба имрӯз ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ашт, Данғара ва шаҳри Ҳисор барномаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро расониданд.

Маврид ба зикр аст, ки имсол дар 185 ҳазору 817 ҳектор киштзори Тоҷикистон пахта кишта шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97