Дар муассисаҳои ислоҳии Қазоқистон 75 шаҳрванди тоҷик нигаҳдорӣ мешавад

Хабари хуб 06.12.2018 14:17

Бино ба гузориши дафтари матбуъотии додситони кулли Қазоқистон,дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 75 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ карда мешаванд.

5 декабри соли ҷорӣ дар Остона мулоқоти ду ҷонибаи Юсуф Раҳмон ва Кайрат Кожамжаров додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни ин мулоқот як баҳси созандае дар мавриди мубориза бо ҷароими фаромиллӣ, ифротгароӣ ва терроризмро доштанд.

Тарафайн аз равобити ду ҷонибаи мавҷуди дар ҳоли ҳозири байни додситониҳои ду кишвар ва ҳамчунин чашмандози ҳамкориҳои судманди ин ду ниҳод дар заминаи қавонини ҷиноӣ қадрдонӣ карданд.

Дар чорчӯби ин ҳамкории дуҷониба тай соли ҷорӣ 5 нафар аз Қазоқистон ба Тоҷикистон таҳвил дода шуданд.

Ҳамин тариқ, дар ҳоли ҳозира 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии Қазоқистон ва 8 шаҳрванди қазоқ дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97