Сохти киштии Нуҳ тавассути як устои голландӣ

Хабари хуб 06.12.2018 10:29

Як наҷҷори (усто) ҳоландӣ муддаъӣ аст киштии мудерни ӯ, ки 125 метр дарозӣ, 29 метр паҳноӣ ва 23 метр баландӣ дорад, бар асоси шеваҳое сохта шудааст, ки ҳазрати Нуҳ паёмбар аз он барои сохтани киштиаш истифода кардааст.

Ин наҷҷори ҳоландӣ тай 13 сол ва бо ҳазинаи тақрибан 4 миллион евро як киштии чӯбии мушобеҳ бо киштии Нуҳро тарроҳӣ кардааст.

Ин киштӣ бузургтар аз як майдони футбол ва дорои панҷ табақа аст ва метавонад беш аз 5 ҳазор нафарро ҳамзамон ҳамл кунад. Ин киштӣ дар ҳоли ҳозир дар ҷануби Амстердам қарор дорад ва ба унвони як ҷозибаи туристӣ аз он истифода мешавад.

Вай мегӯяд мехоҳад ин киштии 2 ҳазор тоннаро ба Исройил ки “ба гуфти вай сарзамини худо аст” мунтақил кунад. Ӯ барои расидан ба он ҷо ҳудуди 1.3 миллион долар ниёз дорад, зеро ин киштӣ бидуни матор аст ва бояд барои ҳамли он як киштии дигар иҷора кунад.

Ҳюберз созандаи ин киштӣ, ки умедвор аст сохтааш омӯзаҳои паёмбаронро дар тамоми манотиқи убури худ густариш диҳад, достони сохти онро ба як кобус рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд: “дар хоб дидам, ки тӯфони саҳмгине вазидан гирифт, об тамоми заминро дар худ фурӯ бурд... саҳнаҳо комилан монанди тӯфони Нуҳ буд”.

Киштии Нуҳ, ки дар соли 2012 кори сохти он ба дасти ин наҷҷори ҳоландӣ ба номи Юҳон Ҳюберз поён ёфт, акнун ба як ҷозибаи гардишгарии динӣ табдил шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97