Баррасии мавзуъи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Аврупо дар Душанбе

Хабари хуб 06.12.2018 09:52

Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мусоидат барои содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо» як нишасти омӯзишӣ (тренинг) баргузор гардид.

Бино ба гузориши АМИТ «Ховар, тренинги мазкур бо ибтикори Ассотсиатсияи  миллии менеҷерон ва маркетингшиносони Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар дар ин кишвар баргузор шуд. Дар ин нишасти омӯзишӣ намояндагони ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва соҳибкорони ватание, ки  ба рушди савдои дохиливу хориҷии Тоҷикистон саҳим ҳастанд, иштирок намуданд.

Шавкат Бозоров раиси Ассотсиатсияи  миллии менеҷерон ва маркетингшиносони Тоҷикистон дар ин робита гуфт, мақсад аз баргузории ин тренинги мусоидат кардан ба амалисозии ҳадафҳои стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридоти Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва муаррифии имкониятҳои содиротии молҳои тавлиди ватанӣ ба хориҷи кишвар мебошад.

 Вай афзуд, дар чорчӯби барномаи мазкур 20 номгӯй молу маҳсулоти тавлиди Тоҷикистон ворид шудааст.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон имкониятҳои зиёди ба хориҷ аз ин кишвар содир кардани маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97