Покистон мехоҳад дар фасли сармо ба Тоҷикистон нерӯи барқ интиқол диҳад

Хабари хуб 06.12.2018 09:00

Бино ба навиштаи рӯзномаи “The News International” бо истинод аз вазорати захираҳои обӣ ва энержии Покистон, Исломобод мехоҳад дар чаҳорчӯби тарҳи CASA-1000 дар фасли зимистон ба Тоҷикистон интиқоли қувваи барқро роҳандозӣ кунад.

Ин манбаъ дар идома менависад, ки Покистон тасмим гирифтааст ба тавофуқномаи тарҳи CASA-1000 банди нав дар бораи аз Покистон ба Тоҷикистон интиқол додани қувваи барқро изофа кунад.Ҳамин тариқ, тарафи Покистон хостори баррасии ин мавзуъ бо ҷониби Тоҷикистонро шудааст.

Чанде пеш тарафҳо созишномаеро ба имзо расонида буданд, ки мувофиқи он аз моҳи май то сентябр Тоҷикистон ба Покистон бо арзиши 9 сент (1 киловат) қувваи барқ интиқол хоҳад дод.

Дар вазорати захираҳои обӣ ва энержии Покистон гуфтаанд, ки зимистон талаботи аҳолӣ ба қувваи барқ дар ин кишвар камтар мешавад, барои ҳамин Исломобод мехоҳад барқи зиёдатиро баръакс дар ҳолатҳои норасоӣ ба Тоҷикистон интиқол диҳад. 

Ба гуфтаи ин вазорат: “Агар Покистон ҳаққи интиқоли қувваи барқро бо иқтидори 1000 МВт/с бо арзиши 9 сент ба даст биорад, дар ҳарду кишвар талафоти молӣ ба сифр баробар мешавад. Чунки Покистон дар фасли гармо қувваи барқро қабул мекунад ва дар фасли сармо онро баръакс бар мегардонад”.

Маврид ба зикр аст, ки тарҳи CASA-1000 барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст ва сохтмонаш идома дорад.

Тахминан 70% интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон дар назар аст. Мувофиқи созишномаи тарафайн дар чаҳорчубаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с қувваи барқ интиқол меёбад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97