Ҷавонон мехоҳанд шаҳрванди Русия бошанд, чаро?

Хабари хуб 23.07.2009 15:00

Бино ба иттилои Кумитаи омори кишварам, дар ҳоли ҳозир 75 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, ки аз ин шумор 30 дарсадашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аксарияти онҳое, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, бар онанд, ки аксарият ва ба хусус теъдоди зиёди ҷавонон талош мекунанд, барои зиндагӣ дар Русия, дарёфти ҷой кор ва ояндаи хуби худро дар ин кишвар фароҳам сохтан, шаҳрвандии Русияро ба даст биоваранд.

Тибқи қонунҳои Русия, ҳар шаҳрванди кишварҳои ҳамсуд, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд ва бо кор таъмин аст, метавонад ба шаҳрвандии Русия пазируфта шавад. Осон кардани қонунҳо барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия боис шудааст, ки теъдоди зиёди ҷавонони кишварҳои ҳамсуд, шаҳрвандии ин кишварро қабул кунанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби коҳиши аҳолӣ Русия қонунҳояшро барои ҷалби муҳоҷирон бештар осонтар мекунад. Ба хусус донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои олии Русияро хатм мекунанд, ҳақ доранд, табаияти Русияро ба даст биёваранд ва соҳиби кори хуб бишаванд.

Осон будани дарёфти шаҳрвандии Русия агар аз як сӯ барои донишомӯзон ва муҳоҷирони тоҷик кор ва фаоълият дар ин кишварро осонтар намояд, аз тарафи дигар мушкилоти ҷиддиеро дар пешорӯи Тоҷикистон қарор медиҳад. Тоҷикистон аз беҳтарин мутахассисони ҷавон маҳрум мешавад, зеро аксарияти он ҷавононе, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, дар фикри бозгашт ба ватани аҷдодиашон нестанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97