Хатсайри нави автобусии “Тошканд- Хуҷанд- Қуқанд” роҳандозӣ мешавад

Хабари хуб 05.12.2018 15:15

Агентии нақлиётии Узбекистон омодагии худро аз роҳандозии тарҳи ҷадиди хатсайри автобусии байналмиллалии “Тошканд- Хуҷанд- Қуқанд” эълом кард.

Ин хатсайр то соли 1999 фаъолият мекард, ки бо сабабҳои техникӣ қатъ гардид. Дар ҳоли ҳозир аввалин сафари техникӣ дар ин масир оғоз шуд.

Тӯли ин масири автобусӣ 346 километрро ташкил дода, замоне, ки барои паймудани ин роҳ сарф мешавад тахминан 11 соату 35 дақиқа ро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, ки теъдоди аввалия рейсҳо ҳар як ду ё се рӯза бошад ва дар сурати зиёд шудани мусофирон рейсҳои изофӣ ташкил ҳохад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев равобити тай чандин солҳо ба сардӣ гароидаи Узбекистон ва Тоҷикистон рӯ ба нармӣ овард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97