Имрӯз дар Амрико рӯзи мотами миллӣ эълом гардид

Хабари хуб 05.12.2018 14:03

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди эълом кардани санаи 5 декабр ба унвони рӯзи мотами миллӣ дар робита ба марги Ҷорҷ Буши калонӣ 41-умин раиси ҷумҳури Амрико қарор қабул кард.

Бар асоси ин қарор имрӯз дар тамоми муассисаҳои федеролии Амрико таътил эълон шудааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе низ барои поси хотири Ҷорҷ Буши калонӣ имрӯзи кори худро қатъ карда, аз фардо 6- уми декабр ба фаъолият оғоз мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури собиқи Амрико шомгоҳи рӯзи ҷумъаи 30 ноябр дар хонааш дар Хюстон даргузашт.

Ҷорҷ Буши калонӣ пас аз ду давраи ифои нақш ба унвони муъовини аввали раиси ҷумҳури Амрико Роналд Рейган аз соли 1989 то 1993 ба унвони чиҳилу якумин раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи сафед фаъолият кард.

Ӯ барои беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Амрико ҳозир буд.

Писари вай Ҷорҷ Дабл-ю Буш низ тай солҳои 2001 то 2009 ду давра ба унвони раиси ҷумҳури Амрико хидмат кард.

Ҷорҷ Буши калонӣ охарин раиси ҷумҳури Амрико буд, ки ҷанги ҷаҳонии дувумро таҷриба карда буд.

Бемории паркинсони пешраванда дар солҳои ахир зиндагии ӯро ба аробачаи маъюбӣ бурда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97