Шикасти тими футзали ҷавонони Тоҷикистон аз Афғонистон

Хабари хуб 05.12.2018 11:01

Тими футзали зери 20 соли Тоҷикистон бо шикаст хӯрдан аз тими футзали ҷавонони Афғонистон аз ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё- 2019 маҳрум шуд.

Бино ба гузориши сайти расми Федератсия футболи Тоҷикистон, дар бозии муқаддимотӣ барои расидан ба финали мусобиқот, тими милли футзали ҷавонони Афғонистон тими Тоҷикистонро бо ҳисоби 4 бар 1 ба шикаст ру ба рӯ кард ва ҳамин тариқ ҷавонои тоҷик аз ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё- 2019 маҳрум гардиданд.

Голи ягонаро аз тими Тоҷикистон ба дарвозаи Афғонистон Рабиҷон Рабиев ворид намуд.

Ҳамин тариқ, дар бахши финалии мусобиқоти қаҳрамони Осиё, ки дар соли оянда баргузор мешавад, тимҳои ҷавонони Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон аз митақаи марказии Осиё намояндагӣ хоҳанд кард.

Пеш аз ин низ тими милли футзали Афғонистон дар бозиҳои дӯстона Тоҷикистонро шикаст дода буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97