Сикҳо ва ҳиндуҳои Афғонистонро ба Канада интиқол медиҳанд

Хабар 05.12.2018 10:08

Канада дар назар дорад сикҳо ва ҳиндуҳои сокин дар Афғонистонро, ки бо мушкилоти амниятӣ ру ба рӯ ҳастанд, ба ин кишвар интиқол диҳад.

Бар асоси гузориши хабаргузории “Спутник”, вазорати муҳоҷирони Канада эълом кард, қарор аст раванди интиқоли ақаллиятҳои сик ва ҳиндуи Афғонистон ба ин кишварро аз апрели соли 2019 оғоз кунад.

Аҳмад Ҳусайн вазири муҳоҷират, паноҳандагон ва шаҳрвандии Канада дар робита ба ин мавзуъ гуфтааст, ҳукумати ин кишвар рӯи як тарҳе кор мекунад, ки бар асоси он, шаҳрвандони аҳли ҳануди сокин дар Афғонистон, ки бо мушкилоти амниятӣ ру ба рӯ ҳастанд ба ин кишвар интиқол ёбанд.

Вай афзуд, ин тарҳ тақрибан ниҳоӣ шудааст ва раванди амалӣ шудани ин тарҳ дар аввалҳои соли оянда иҷро хоҳад шуд.

Ин тарҳ аз суи бунёди “Маномет Буллор”- и сикҳо дар Канада роҳандозӣ шудааст ва ниҳодҳои дигаре монанди Созмони ҷаҳонии сикҳо ва чандин ниҳодҳои дигар низ аз он пуштибонӣ мекунанд.

Тарҳи интиқоли сикҳо ва ҳанудҳои Афғонистон ба Канада пас аз ҳамлаи хунини маргталабона, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ алайҳи бошандагони аҳли ҳунуд дар вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар рух дод, рӯи даст гирифта шуд.

Дар он ҳамлаи маргбор 19 нафар ба шумули 17 тан аз сикҳо кушта шуданд ва 20 нафари дигар захм бардоштанд.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97