Нато Русияро ба нақзи паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз муттаҳам кард

Хабари хуб 05.12.2018 09:27

Нато ба таври расмӣ Русияро ба нақзи паймони манъи истифода аз мушакҳои ҳастаии миёнапарвози мавсум ба “INF”, ки дар соли 1987 миёни Амрико ва Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ имзо шуда буд, муттаҳам кард.

Бар асоси паймони “INF” тавлид ва истифода аз мушакҳои ҳастаии бо парвози 500 то 5500 километр мамнуъ аст. Ин паймон ба мушакҳои баҳрӣ таъаллуқ надорад.

Вазирони хориҷаи Нато бо пахши баёнияе чунин изҳор доштанд: “ҳампаймонони Нато ба ин натиҷа расиданд, ки Русия дар ҳоли тавсеъа ва озмоиши як сомонаи мушакии ба номи 9M729 аст, ки нақзи ин паймон маҳсуб мешавад ва хатароти қобили мулоҳизае барои амнияти минтақаи Евро-Атлантика эҷод кардааст”.

Ҳамчунин дар ини баёния омадааст: “мо аз ёфтаҳои Амрико дар ростои кашфи нақзи ин паймон тавассути Русия ҳимоят мекунем”.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ ба Русия як ултиматиуми 60 рӯза барои поён бахшидан ба он чи нақзи ин паймон номида шудааст, додааст. Ҳамчунин Вошингтон таҳдид кард дар сурате, ки Русия ба ин паймон амал накунад Амрико зарфи муддати 6 моҳ аз он хориҷ хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97