Пойтахт: Автобус ҷои микроавтобусро мегирад

Хабари хуб 04.12.2018 10:40

Шуруъ аз 3 декабри соли ҷорӣ дар хатсайри микроавтобусии рақами 11 (мактаби 61- бозори “Балх”) теъдоди васоити нақлияи навъи “Мерседес-Бенс” маҳдуд карда шуда, хидматрасонии хатсайри автобусии рақами 11 роҳандозӣ шуд.

Ҳамчунин дар хатсайри микроавтобусии 10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор») шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри  рақами 10  (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор») ба роҳ монда шуд.

 Дар хатсайри автобуси 2 (Терминали мусофирбарии шарқ — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) шумораи автобусҳо аз 20 адад ба 26 адад зиёд карда  шуда, шумораи микроавтобусии 33 (маҳаллаи Фучик — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) тавассути кӯчаи Қарабоев маҳдуд карда шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе  ба хабаргузории «Ховар» хабар доданд, ин иқдом  бо мақсади кам кардани ҳолати танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт  ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар роҳандозӣ гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз мусофирон эҳтиромона хоҳиш  менамояд, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои нави замонавӣ истифода бурда, онҳоро дар истгоҳҳо мунтазир шаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97