ИМА барои тамос бо Толибон аз Покистон кумак хост

Хабари хуб 04.12.2018 10:07

Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Покистон Муҳаммад Файсал бо нашри як изҳороти расмӣ гуфт, аз президенти ИМА Доналд Трамп нома дарёфт карданд.

"Президенти ИМА дар номаи худ ба сарвазир Имрон Хон навиштааст, ки муҳимтарин афзалияти ӯ дар минтақа ҳалли низои Афғонистон аз роҳи гуфтугӯ аст. Ӯ аз Покистон хостааст, ки дар ин кор мусоидат кунад", - омадааст дар изҳорот.

Трамп ҳамчунин дар номаи худ эътироф кардааст, ки ҷанги Афғонистон барои ИМА ва Покистон гарон афтод. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар бояд ҳамкориҳои худро аз сар гиранд.

"Тасмими ИМА ба хотири он ки Покистон ҳамеша ҳалли сиёсии низои Афғонистонро ҷонибдорӣ мекард, вокунишҳои мусбат доданд. Покистон қасди мусоидати хайрхоҳона дорад. Сулҳ ва субот дар Афғонистон масъулияти умумии мост", - афзудааст ӯ.

"Садои Амрико" инро намунаи нодири ҳамкории Покистону ИМА дар сатҳи олӣ номидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97