Даъво бар сари гов дар Ҳиндустон ду кушта бар ҷои гузошт

Хабари хуб 04.12.2018 09:36

Як маъмури пулис ва як фарди муътариз дар ҷараёни эътироз ба забҳи як гов дар Ҳинд кушта шуданд.

Гурӯҳе аз мардуми ҳинду рӯзи душанбе дар иёлати Уттар-Прадеш воқеъ дар шимоли Ҳинд дар эътироз бар сари кушта шудани як сар гов ба як маркази фармондеҳии пулис ҳамла карда ва бо нерӯҳои давлатӣ даргир шуданд. Ба гуфтаи фармондеҳи пулиси ин иёлат дар ин даргирӣ як афсари пулис бар асари партоби санг ва яке аз муътаризон бар асари шилики гулӯлаи пулис ҷони худро аз даст доданд.

Ин фармондеҳи пулис зимни як конфронси хабарӣ, ки ба таври зинда аз телевизиони маҳаллӣ пахш шуд, гуфт: “гурӯҳе аз рустоиён баъд аз ёфтани лошаи як гов бо иддаъои ин ки ин ҳайвон забҳ шуда, онро ба хиёбон бурда ва эътирози худро оғоз карданд. Онҳо бо трактор роҳро банд карда ва ба самти маъмурони пулис санг партоб карданд”.

Гов дар фарҳанги ҳиндӣ ҳайвоне муқаддас ба шумор меравад ва набояд кушта шавад. Ҳиндуҳои ифротӣ бо мусалмонон ба далели забҳи гов бархӯрд мекунанд. Дар солҳои ахир чандин маврид аз қатл ва ҳамла ба мусалмонон ба дасти ҳиндуҳо ба далели интиқоли гов ба кушторгоҳ дар Ҳинд гузориш шудааст.

Бо ин ҳол, ҳанӯз шароит ва ҷузъиёти даргирии рӯзи душанбе равшан нашуда ва пулис ҳанӯз намедонад, ки оё иддаъои ҳиндуҳои муҳоҷим дуруст буд ё на.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97