Тоҷикистон дар рутбабандии кишварҳои дар ҳоли рушд як зина боло рафт

Хабари хуб 04.12.2018 08:31

Бино ба гузориши маркази таҳқиқотии бритониёии “Legatum Institute”, Тоҷикистон дар рутбабандии кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар мақоми 101- ум қарор гирифтааст.

Ин марказ афзудааст, ки Тоҷикистон дар соли 2018 дар ин рутбабандӣ як зина боло рафта, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои саввумро ишғол кардааст.

Ҷиҳати беҳтарини Тоҷикистон дар ин раддабандӣ амният ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб дар ҷои 63-ум қарор гирифтааст. Аз ҳама ҷиҳатҳои поёнтарини Тоҷикистон ин муҳити зист (экология) ва озодии шахсӣ арзёбӣ мешавад. Кишвар аз нигоҳи муҳити зист дар ҷои 132-юм ва аз лиҳози озодии шахсӣ дар ҷои 131 қарор гирифтааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ҳамчун давлати пештоз дар ҷои 77 қарор дошта, ва Қирғизистон бошад дар ҷои 78 қарор гирифтаанд. Узбакистону Туркманистонро аз сабаби надоштани маълумот ба раддабандӣ ворид накардаанд.

Сегонаи беҳтаринҳо дар раддабандӣ ин Норвегия, Зеландияи Нав ва Финландия ба ҳисоб мераванд. Аз ҳама охир дар ин раддабандӣ Ҷумҳурии марказии Африка ва Афғонистон мебошанд.

Имсол дар раддабандии кишварҳои рушдкунанда 149 кишвар ворид шудаанд. Муаллифон кишварҳоро аз ҷиҳатҳои зерин муқоиса карданд: сатҳи рушди иқтисодӣ, фазои тиҷоратӣ, натиҷабахшии роҳбарияти кишвар, сатҳи дониш, ҳифзи саломатӣ, амният ва озодии шахсӣ, меъёрҳои рушди сармояи иҷтимоӣ ва муҳити зист.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97