Намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Омрико сафарашро ба Афғонистон ва минтақа оғоз кард

Хабари хуб 03.12.2018 15:05

Зулмай Халилзод намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Омрико сафари 18 рӯзаи худро ба ҳадафи ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини сулҳи Афғонистон ба минтақа оғоз кард.

Ин сафар 2 декабр оғоз шуда ва қарор аст то 20 декабр поён ёбад.

Вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, ки Халилзод дар ин сафар ба Афғонистон, Русия, Узбакистон, Покистон, Туркманистон, Қатар ва Амороти муттаҳидаи араб хоҳад рафт.

Халилзод ҳам дар сафҳаи твитераш гуфтааст, ки афзун бар кишварҳои минтақа, қарор аст ба Белжик низ сафар кунад.

Вазорати хориҷаи Омрико дар эъломияе гуфтааст, ки Халилзод дар ин сафар бо мақомҳои баландпояи давлати Афғонистон ба шумули Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди суръат бахшидани раванди сулҳи Афғонистон дидор ва гуфтугӯ анҷом диҳад.

Дар ин эъломия ҳамчунон омадааст, ки намояндаи вижаи Омрико бо чеҳраҳои сиёсӣ ва раҳбарони аҳзоб дар мавриди пуштибонӣ  ва таслиҳоти онон барои кашонидани Толибон ба мизи гуфтугӯҳои сулҳ дидорҳое хоҳад дошт.

Ҳамчунон бо сафари Зулмай Халилзод раиси иҷроияи Афғонистон имрӯз дар нишасти шӯрои вазирон гуфт, ки барои оғози музокира бо гурӯҳи Толибон ҳукумати Афғонистон қайду шарт надорад.

Абдуллоҳ афзуд, ки кишварҳои ширкаткунанда, созмонҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ дар нишасти Женева путибонишонро аз пружаи сулҳи Афғонистон эълом карда ва аз кишварҳои таъсиргузор хостанд, ки ҳукумати Афғонистонро дар ин раванд кӯмак кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97