3 декабр ба унвони Рӯзи байналмиллалии маъюбон дар ҷаҳон таҷлил мешавад

Хабари хуб 03.12.2018 13:52

Маҷмаъи умумии (Ассамблеяи генералии) Созмони миллали муттаҳид бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти  афроди маълул дар соли 1992  3 декабрро ба унвони Рӯзи байналмилалии  маъюбон эълон намуд. Аз ин рӯ, ҳамасола дар тамоми дунё, аз ҷумла  дар Тоҷикистон ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии  маъюбон   таҷлил мегардад. 

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон беш аз як миллиард нафар маъюб  сабт шудааст, ки 15 дар сади аҳолии  курраи Заминро  ташкил медиҳанд.

Мақсади асосии баргузор намудани  ин сана ба хотири бештар равона намудани диққати аҳли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи эътибор, ҳуқуқу муваффақиятҳои онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Асадулло Зикрихудоев роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  дар робита ба ин рӯз иброз дошт, ки дар ҳамин шабу рӯз шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд дар Тоҷикистон хеле хуб буда, онҳо аз тарафи ҳукумати  Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар дастгирӣ меёбанд.

 Ба гуфтаи вай, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  соли 1990 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Зикрихудоев дар идома афзуд, ки ин иттиҳодия дар 35 шаҳру ноҳияҳои кишвар намояндагиҳои худро дошта  50 ҳазор  афроди маъюбро дар бар мегирад.

Бар асоси гузориши Зикрихудоев,  холо дар Тоҷикистон  146 ҳазору 725    нафар шахсони маъюб сабт шуда, аз онҳо 26 ҳазору 246    нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе  Конгресси миллии шахсони маъюби Тоҷикистон оғоз ёфта, то 5 декабри соли равон идома мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97