Яке аз фармондеҳони аршади Толибон дар Ҳилманд кушта шуд

Хабари хуб 03.12.2018 10:29

Муло Абдулманнон фармондеҳи аршади Толибон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд дар як иқдоми муштараки нерӯҳои вижаи Афғонистон ва Омрико кушта шуд. Ин хабар тавассути Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи Толибон, артиши Омрико ва мақомоти Афғонистон таъйид шудааст.

Муло Абдулманнон аз ҷиҳоти мухталифе барои Толибон муҳимм буд. Вай ҳам ба шакле намояндаи нерӯҳои шӯришӣ дар устони Ҳилманд ба шумор мерафт ва ҳам муҳимтарин фармондеҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон буд. Марги ӯ дар канори 29 нафари дигар ва дар пай як ҳамлаи ҳавоӣ иттифоқ афтод.

Як мақоми аршади амниятӣ дар Кобул низ гуфта, ки Абдулманнон муҳимтарин фармондеҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон буд ва марги ӯ таъсири зиёде бар масъалаи амният дар ин кишвар дорад.

Хабари кушта шудани Абдулманнон дар ҳоле ба гӯш мерасад, ки ин рӯзҳо нерӯҳои низомии мавриди ҳимояти Ғарб ва ҳатто нерӯҳои Толибон дар талошанд, то ба дастёбӣ ба сулҳ ба ҷанги 17 сола дар ин кишвар поён диҳанд.

Фишорҳои ахири нерӯҳои афғонистонӣ бар Толибон бо ҳадафи иҷбори онҳо ба нишастан пой мизи музокира ва расидан ба сулҳ арзёбӣ шудааст.

Дар шароите, ки хабарҳо бар марги ин фармондеҳи аршад мутамарказ шуда буд, нерӯҳои Толибон рӯзи якшанбе 60 ронандаи мошинҳои зӯғолсангро дар Самангон рабурданд. Ин хабарро манобеъи маҳалли вилояти Самангон таъйид карданд. Толибон нахуст 120 ронанда ва шогирдони ин ронандаҳоро бо худ бурда буданд, аммо каме баъдтар 60 шогирди ронандаҳоро раҳо карданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97