Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи дзюдои Ҷоми Осиё

Хабари хуб 03.12.2018 09:42

Сомон Маҳмадбеков паҳлавони ҷавони   тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки  аз 1 то 2 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри  Гонконг баргузор  гардид, соҳиби медали тилло шуд.

Бина ба гузориши дафтари матбуъотии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа Хайёмиддин Ҷабборов варзишгари дигари тоҷик низ ширкат ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни 73 кг гӯштин гирифтанд.

Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб намуда, дар финал бар варзишгари Япония Даичӣ Танака пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Гонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Япония Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ишитрок намуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97