Як ширкати чинӣ мехоҳад 70 дар сад саҳмияи “Тоҷиксодиротбонк”- ро харидорӣ кунад

Хабари хуб 03.12.2018 09:25

Ширкати “Роҳи оҳани Жувенон”- и Чин барои хариди 70 дар сади саҳҳоми “Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои мушкилдор дар Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардааст.

Тавофуқи аввалия миёни раёсати Тоҷиксодиротбонк ва ин ширкати роҳи оҳани чинӣ ҳосил шудааст ва тасмими ниҳоӣ дар ин хусус ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Дар хусуси маблағи фурӯши саҳҳомии ин бонк гузорише то ҳанӯз ироа нашудааст.

Бонки милли Тоҷикистон низ дар гузориши ахири худ тасмими ширакти чинӣ ҷиҳати хариди саҳмияҳои Тоҷиксодиротбонкро тасдиқ кард.

Дар ин гузориши Бонки миилли Тоҷикистон бо истинод ба раёсати Тоҷиксодиротбонк омадааст: тавофуқномаи хариди 70 дар садии саҳҳоми бонки мазкур тавассути ширкати роҳи оҳани Жувинони Чин ба имзо расидааст.

Намояндагони бонки мазкур дар ҳоли ҳозир бо ду бонки Русия ва “Қазкомерсбонк”- и Қазоқистон дар мавриди ҷалби сармоя низ музокироте анҷом додаанд.

Интизор меравад, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ба ин бонк то поёни соли ҷорӣ ворид шаванд.

Ширкати Роҳи оҳани Жувенони Чин дуввумин ширкати хориҷӣ ба шумор меравад, ки аз омодагии худ барои хариди саҳҳомии Тоҷиксодиротбонк эъломи омодагӣ кардааст.

Дар моҳи май соли ҷорӣ гурӯҳе аз сармоягузорони саъудӣ низ эълом карданд, ки 51 дар сади саҳҳоми ин бонкро харидорӣ хоҳанд кард, аммо бо гузашти беш аз ним сол ин тасмим амалӣ нашудааст.

Талоши масъулини Тоҷиксодиротбонк барои ҷалби сармоягузорӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ин бонк аз 3 сол қабл дучори мушкил шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97