Ҳудуди 4 миллион кӯдаки афғон аз омӯзиш дар мактаб маҳруманд

Хабари хуб 03.12.2018 08:38

Идораи ҳимоят аз кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба пешрафт ва тағйирот дар Афғонистон таъкид мекунад, ки стратегияи миллии ҳимоят аз атфол дар ин кишвар ба таҷдид ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати кор ва умури иҷтимоъӣи Афғонистон тасдиқ мекунад, ки кӯдакони афғон вазъияти хубе надоранд.

Омори Вазорати кор ва умури иҷтимоъӣи Афғонистон нишон медиҳад, ки 23 то 25 категорияи атфоли осебпазир дар ин кишвар вуҷуд доранд, ки дар раъси онҳо 3.5 миллион кӯдакон аз омӯзиш бебаҳраанд.

Ба гуфтаи як масъули Муассисаи ҳимоят аз кӯдакон дар Афғонистон, зиндагии кӯдакон ба далели ҷанг на танҳо дар рустоҳо хароб шудааст, балки ноамнӣ омори кӯдакони коргарро дар шаҳрҳо низ афзоиш додааст, ки ниҳодҳои мададрасон танҳо шумори ками онҳоро таҳти пӯшиш гирифтаанд.

Ба гуфтаи вай, корҳое ҷиҳати ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон тавассути давлат ва ниҳодҳои ҳамкор дар 15 соли гузашта дар Афғонистон анҷом шудааст, аммо ҳанӯз ҳам кӯдакони афғон дар маърази таҳдидҳои гуногун қарор доранд.

Масъули Муассисаи ҳимоят аз кӯдакон дар Афғонистон афзуд, ки маҷлиси намояндагони ин кишвар бояд дар қиболи қонуни ҳимояти атфол тасмим бигирад ва аз ниҳодҳое, ки дар ростои ҳуқуқи кӯдакон кор мекунанд, хост то вакилони маҷлисро барои тасвиби ин қонун ташвиқ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар иловаи маҳрумияти 3.7 миллион кӯдаки воҷиди шароит аз омӯзиш, 1.2 миллион кӯдаки коргар рӯи ҷода, 1.9 миллион кӯдак ба шумули 1.3 миллион кӯдаки коргар дар сектори зироъат, санъат ва тавлид дар Афғонистон вуҷуд доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97