Ифтитоҳи посгоҳи ҷадид миёни марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳимояти ИМА

Хабари хуб 01.12.2018 13:18

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон вокеъ дар ҷануби Тоҷикистон посгоҳи марзии ҷадиди "Фазо" ба фаъолият оғоз кард.

Дар маросими ифтитоҳи ин посгоҳи марзӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кевин Коверт кордори сафорати Омрико дар Душанбе ширкат карданд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории давлатии "Ховар”, ин посгоҳи марзии нав, ки барои бунёди он Бюрои байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии Омрико  500 ҳазор доллар маблағгузорӣ намудааст, аз сарбозхонаҳо, идораи афсарон, ҳоҷатхона, ошхона, чоҳи об ва обанбор барои нигоҳдории об иборат аст.

 Ин иншоот маскани се афсар ва 35 сарбози қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хоҳад буд.

Посгоҳи марзии «Фазо», ки дар асоси созишнома бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ сохта шудааст, барои истифода омода аст ва бо лавозимоти рӯзғор, катҳои хоб, асбобу ашёи ошхона ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва  Кевин Коверт  зимни суханронии худ аҳамияти кори сарҳадбононро таъкид ва дастгирии ИМА-ро аз Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳимояи марзҳои худ тасдиқ намуданд ва изҳор намуданд, ки  Тоҷикистон шарики муҳимми Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани амният, субот ва осоишӣ дар саросари минтақа аст.

Изҳори итминон карда шуд, қи ҳамкории Тоҷикистон ва  ИМА  ҷиҳати ҳифзи марзҳои давлатии Тоҷикистон ва таъмини  амнияту субот дар  Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ идома меёбад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97