Ҷорҷ Буши калонӣ дар синни 94 солагӣ даргузашт

Хабари хуб 01.12.2018 12:51

Ҷорҷ Герберт Уокер Буш раиси ҷумҳури собиқи Омрико дар синни 94 солагӣ даргузашт.

Бино ба эъломи сухангӯи хонаводаи Буш, марги ӯ дар шомгоҳи ҷумъа 30 ноябр дар хонааш дар Хюстон иттифоқ афтодааст.

Барбара Буш ҳамсари Ҷорҷ Буш низ 8 моҳ пеш даргузашта буд.

Ҷорҷ Буши калонӣ пас аз ду давраи ифои нақш ба унвони муъовини аввали раиси ҷумҳури Омрико Роналд Рейган аз соли 1989 то 1993 ба унвони чиҳилу якумин раиси ҷумҳури Омрико дар Кохи сафед фаъолият кард.

Ӯ барои беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Омрико ҳозир буд.

Писари вай Ҷорҷ Дабл-ю Буш низ тай солҳои 2001 то 2009 ду давра ба унвони раиси ҷумҳури Омрико хидмат кард.

Ҷорҷ Буши калонӣ охарин раиси ҷумҳури Омрико буд, ки ҷанги ҷаҳонии дувумро таҷриба карда буд.

Бемории паркинсони пешраванда дар солҳои ахир зиндагии ӯро ба аробачаи маъюбӣ бурда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97